Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Каратэчиёни ҷавони кишвар дар ЧО ширкат мекунанд

10.05.2018

: 1388

11-13 май дар ҷазираи Окинаваи давлати Ҷопон Чемпионати Осиё оид ба карате WKF миёни наврасон ва ҷавонон баргузор мешавад.

Аз ҷумҳурии мо барои ширкат дар чемпионат 5 варзишгар – Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (60 кг), Ҷавоҳир Ҳайдаров (84 кг) миёни варзишгарони то 21-сола ва Муҳаммад Тешаев (55 кг), Алишер Қаюмов (76 кг), Абдуваҳоб Шаропов (61 кг) миёни наврасон, таҳти роҳбарии мураббӣ Вадим Ҷо Чун-си ба Ҷопон сафар карданд.
Ғолибону ҷоизадорони қувваозмоиҳо миёни наврасон дар баробари медалҳо ҷиҳати ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии наврасон, ки октябри имсол дар Буэнос Айреси Аргентина доир мегардад, соҳиби холҳо мешаванд.