10.05.2018
: 1430
Бозии ниҳоии марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол” – КМВА “Помир” мусовӣ анҷом ёфт.
Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда, дастаҳо ба дарвозаи ҳамдигар 3-голӣ заданд.
Голҳои тими артишро Шодибек Ғаффоров, Муҳсинҷон Абдуғаффоров ва Абдухалил Боронов заданд. Дар ҳайати тими “Истиқлол” Дилшод Восиев ду гол ва Комрон Турсунов як гол ба ҳадаф расониданд.
Ҳамин тариқ, марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид. Дар садри ҷадвал тими “Истиқлол”-и Душанбе (17 хол) бо фарқи як хол аз дастаи “Хуҷанд” қарор дорад. “Хатлон”-и Бохтар бо 10 хол дар ҷои сеюм аст.
Бозиҳои даври аввали марҳилаи дуюми чемпионат 12-13 май баргузор мешавад. Рӯзи шанбе – 12 май – “Куктош” дар майдони худ тими “Барқчӣ”-ро қабул мекунад. Дар варзишгоҳи ба номи Уктам Маматови ноҳияи Балхӣ “Панҷшер” бо “Хуҷанд” вомехӯранд. 13 май “Хатлон” бо “Регар-ТадАЗ” қувва месанҷанд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
ҶОЙ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
Х |
1 |
“Истиқлол” (Душанбе) |
7 |
5 |
2 |
0 |
13-6 |
17 |
2 |
“Хуҷанд” (Хуҷанд) |
7 |
5 |
1 |
1 |
15-7 |
16 |
3 |
“Хатлон” (Бохтар) |
7 |
3 |
1 |
3 |
9-9 |
10 |
4 |
КМВА “Помир” (Душанбе) |
7 |
2 |
4 |
1 |
10-11 |
10 |
5 |
“Куктош” (Рӯдакӣ) |
7 |
2 |
3 |
2 |
8-10 |
9 |
6 |
“Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) |
7 |
2 |
2 |
3 |
10-9 |
8 |
7 |
“Панҷшер” (Ҷалолиддин Балхӣ) |
7 |
1 |
2 |
4 |
5-11 |
5 |
8 |
“Барқчӣ” (Ҳисор) |
7 |
0 |
1 |
6 |
3-10 |
1 |