27.04.2018
: 1686
Тими ҷавонони кишвар оид ба бокс дар Чемпионати Осиё-2018 дар шаҳри Бангкоки Тайланд сазовори ду медал гардиданд.
Рақобатҳо аз рӯи 10 вазн миёни писарон ва 10 вазн миёни духтарон аз 21 то 27 апрел сурат гирифт. Варзишгарбонуи тоҷик Идимоҳ Холова дар вазни 64 кило миёни бонувон сазовори медали нуқра ва Муҳаммадалӣ Абдураҳмонов дар вазни 75 кило миёни писарон сазовори медали биринҷӣ шуданд.
3 варзишагри дигари кишвар, ки дар чемпионат иштирок намуданд, аз медалҳо маҳрум монданд.
Дар доираи Чемпионати Осиё миёни ҷавонон оид ба бокс дар Бангкок тими Тоҷикистон аз Конфедератсияи бокси Осиё таҷҳизоти варзишӣ дарёфт намуд. Аз чунин кӯмаки моддӣ дар доираи чемпионату мусобиқаҳо оид ба бокс соли 2017 14 давлат бархӯрдор шуда буданд. Он имсол ба дигар кишварҳо низ дастрас мегардад.