26.04.2018
: 1482
Дирӯз – 25 апрел - дар доираи бозиҳои даври 4-уми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи “D” дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар сафар тими “Алай”-и Қирғизистонро мағлуб намуд.
Шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев тавонистанд, дар ин дидор соҳиби боз 3 имтиёзи дигар гашта, мавқеи худро дар садри ҷадвал бо 10 хол усутувортар созанд. Рақобати дастаҳои “Алай”-и Қирғизистон ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар Варзишгоҳи ба номи Ахматбек Суюнбоеви шаҳри Ош сурат гирифта, бо ҳисоби 2:3 бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт.
Дар дақиқаи 7-уми дидор Фатҳулло Фатҳуллоев аз зарбаи ҷаримавии 11-метра тӯбро таслими тӯри “Алай” сохта, “Истиқлол”-ро ба пеш баровард. Аммо дар дақиқаи 38-уми вохӯрӣ мизбонон тавассути голи задаи Улуғбек Рисқулов ҳисобро баробар карданд. Дар нафасҳои охири нимаи аввали дидор ба Ромиш Ҷалилов муяссар шуд, то дарвозаи рақибонро рахна сохта, дастаашро бартарӣ диҳад. Дар дақиқаи 76-ум Алия Сила аз пеналтӣ ба дарвоази “Истиқлол” гол зада, боз таносубро барқарор кард. То анҷоми дидор душанбегиҳо лаҳзаҳои зиёди хатарнок созмон доданд ва билохира дар вақти иловагӣ ба Дилшод Восиев муяссар шуд, ки бо зарбаи сар тӯбро вориди дарвозаи ҳамватани худ Абдулазиз Маҳкамов намояд.
Ёдовар мешавем, ки бозии аввали дастаҳо 11 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор низ бо пирӯзии "Истиқлол” (1:0) ба анҷом расида буд.
Бозии дигари даври чоруми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи “D” миёни ду дастаи Туркманистон – “Олтин Асир” ва “Аҳал” баргузор шуда, бо пирӯзии “Олтин Асир” хотима ёфт – 1:0.
Дар даври навбатӣ 1 май “Истиқлол” дар Ашқобод бо “Аҳал” вомехӯрад ва дар даври охир 16 май дар майдони худ тими дигари Туркманистон “Олтин Асир”-ро қабул менамояд.