Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Иштироки Президент дар ифтитоҳи Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ

09.08.2008

: 1477

Аз 7 то 9 августи соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои ифтитоҳи Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпии Пекин дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дошт.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро тибқи муқаррароти протоколи давлатӣ намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ифодаи эҳтирому самимияти хоси шарқиёна истиқбол гирифтанд.
Рӯзи 7 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз ҳама ба шаҳрчаи олимпӣ ташриф оварда, бо варзишгарони Тоҷикистон ва мураббиёну ҳайати ҳамроҳи онҳо мулоқот кард. Сарвари давлат ба варзишгарони шинохтаи мамлакат, ки масъулияти бузурги муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар ин тантанаи байналмилалии варзишӣ бар ӯҳда доранд, барору иқболи баланд таманно кард.
Мавриди зикр аст, ки дар бозиҳои олимпӣ имсол 15 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик дар бахшҳои бокс, дзюдо, гуштини тарзи озод, камонварӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ ва варзиши сабук ҳунарнамоӣ мекунанд.
«Иштироки варзишгарони тоҷик дар бозиҳои 29-уми олимпӣ шаҳодати возеҳи болоравии мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, афзоиши дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва қабл аз ҳама имкони волои баланд бардоштани парчами Тоҷикистон миёни беш аз 200 кишвари дунё мебошад»,- изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки 7,5 миллион аҳолии сарзамин ва милионҳо тоҷикону ҳамзабонони бурунмарзӣ давоми 1 моҳ бесаброна интизори пирӯзиҳои нави варзишгарони тоҷик хоҳанд буд.
Варзишгарони тоҷик бо ифтихормандию сарфарозӣ аз талошу ғамхориҳои Сарвари давлат, ки бевосита ба шаҳраки олимпӣ баҳри ҳидояту дастгирӣ ва рӯҳафзоии онҳо омадааст, қавл доданд, ки тамоми имконияту таҷриба, маҳорату малака ва қудрату тавоноии худро барои ба даст овардани ҷойҳои аввал равона мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо ситод ва ҷойҳои иқомати варзишгарони тоҷик бо онҳо расми хотиравӣ гирифта, ба Раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов, Раиси Кумитаи миллии Олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев барои ба варзишгарон фароҳам овардани шароитҳои мусоиди омодагӣ дастуру ҳидоятҳо дод.
Бояд тазаккур дод, ки шаҳраки олимпӣ дар майдони 66 гектар доман паҳн карда, барои зист ва истироҳати 16 000 варзишгар пешбинӣ гардидааст. Дар дохили шаҳрак мағозаҳо, шӯъбаҳои бонкӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии гуногун бо воситаҳои ҳозиразамон омодаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз майдони “Сулҳ ва Дӯстӣ”, ки дар маркази шаҳраки олимпӣ ҷойгир шудааст, дидан карда, дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузошт.
Бегоҳии рӯзи 8-уми август расо соати 20:00 бо вақти Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими расмии ифтитоҳи Бозиҳои 29 – уми тобистонаи олимпӣ ба варзишгоҳи марказии давлатии «Лонаи парранда» омад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар роҳбарони олимақоми кишварҳои хориҷиро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао истиқбол гирифт. Дар ин маросими бошукӯҳ, ки мислаш дар ҷаҳон шояд ҳеҷ гоҳ нагузашта бошад, ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони воломақоми бисёр давлатҳои дигари ҷаҳон низ иштирок доштанд.
Қадамзании устувору боэътимоди варзишгарони тоҷик, ки бо Парчами давлатии Тоҷикистон дар қатори садҳо нафар варзишгарони беҳтарини ҷаҳон дар гирди майдони бузурги варзишгоҳи «Лонаи паранда» чарх мезаданд, боиси ифтихор ва умедҳои зиёд аз натиҷаҳои ҳунарнамоии онҳо дар Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ аст.
Хотиррасон мекунем, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои 29-уми Тобистонаи Олимпии Пекин 15 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, гуштини дзюдо, гӯштини тарзи озод, камонварӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ ва варзиши сабук намояндагӣ мекунанд.
Маросими ифтитоҳи бозиҳои олимпӣ хеле пуршукӯҳ ҷараён гирифта, аз оғози боз як тантанаи муҳими ҷаҳонии варзишӣ дарак дод.
Нимаи дуюми рӯзи 9 август Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари бобарору пурмаҳсул аз шаҳри Пекин ба Душанбе омад.