29.07.2008
: 1584
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи варзишгарони тоҷикро, ки баъди ду рӯз баҳри иштирок дар Бозиҳои 29-уми Олимпӣ ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар мекунанд, ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирок дар Бозиҳои 29-уми Олимпиро шарафи бузург ва дар айни замон масъулияти бузург низ маънидод карда, онҳоро ба нишон додани маҳорату матонати баланд баҳри ба даст овардани нишондодҳои пуршараф ба манфиати давлату миллати худ ҳидоят намуд ва изҳори боварӣ кард, ки варзишгарони тоҷик бо иродаи қавии худ шарафи Тоҷикистонро дар ин мусобиқаҳои бонуфузтарини олам ҳимоя намуда, Парчами Ватани азизи худро дар фазои шаҳри Пекин партавафшон мекунанд.
Хотиррасон мекунем, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои 29-уми Олимпии шаҳри Пекин 14 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, гуштини дзюдо, гӯштини тарзи озод, камонварӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ ва варзиши сабук намояндагӣ мекунанд.
Ба андешаи худи варзишгарони мунтахаби тоҷик таваҷҷӯҳи доимӣ ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумат ба соҳаи варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва хусусан вохӯрии имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъулият ва ифтихору сарфарозии онҳоро дучанд намуда, барояшон рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.