Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тилло, нуқра ва биринҷии дзюдочиёни наврас дар Тошканд

14.04.2018

: 508

12-13 апрел дар шаҳри Тошканди Узбекистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон доир гардид, ки паҳлавонони навраси кишвар сазовори се медал, 1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ гардиданд.

Медали тиллоро Сулаймони Ҷамшед (дар акс) дар вазни -60 кг сазовор шуд. Ғаниҷон Ғаниев дар вазни -73 кг ҷои дуюм ва Фарорун Мирзошоев дар вазни -73 кг ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Дар мусобиқа 250 варзишгар аз 10 давлати дунё, аз ҷумла аз ҷумҳурии мо 41 варзишгар дар 8 вазн (7 вазн миёни писарон, 1 вазн миёни духтарон) иштирок карданд.
Имрӯз рақобатҳо миёни ҷавонон оғоз мегардад. Дар ин мусобиқа 172 варзишгар аз 7 давлат ширкат доранд. Ҷумҳурии моро 37 варзишгар (36 нафар миёни писарон, 1 нафар миёни духтарон) намояндагӣ мекунанд.
Имрӯз, ҳамчунин, дар шаҳри Санкт-Петербург Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни ҷавонон оғоз мегардад. Дар ин мусобиқа 259 варзишгар аз 16 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд. Аз ҷумҳурии мо 8 варзишгар дар 4 вазн барои ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд: Мулораҷаб Халифаев, Суруш Тавакалов (-66 кг), Сомон Маҳмадбеков, Хайёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Хушвақт Идиев, Файзалӣ Маҳмадов (-81 кг), Темур Маҳмадов, Ёқубҷон Назиров (-90 кг).