14.04.2018
: 1458
13 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Маҷмааи универсалии варзишӣ шинос шуданд.
Фармоишгар Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ва пудратчӣ ҶДММ “Строй Комплекс” мебошанд. Маҷмаа аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе бунёд мегардад.
Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони гурӯҳи ширкатҳои “Ростовгипрошахт”-и Федератсияи Россия бо назардошти талу теппаҳои атроф ва соҳили рӯди Душанбе тарзе таҳия гардидааст, ки тамоми зебоиҳои релефи маҳал ба фоидаи кор истифода мешавад. Маҷмааи муосири варзишӣ дар мавзеи хеле дилфиреб, дар болои боғи фарҳангу фароғати ба номи Умари Хайём ва дар миёни талу теппаҳои Лучоб ва рӯди Душанбе қарор дошта, яке аз ҷойҳои зеботарин ва мувофиқ мебошад.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи сохтмону ободонӣ ва ҷараёни корҳо, ба Сарвари давлат, аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи бузурги универсалии варзишӣ дар майдони қариб 10 гектари ин мавзеи зебо бунёд мегардад. Дар ин ҷо қасрҳои варзишии болопӯшида ва нимпӯшида ва ҳам майдону майдончаҳои гуногун барои теннис, ҳавзҳои хурду миёна ва бузург барои шиноварӣ ва дигар намудҳои варзиши обӣ, ҳамчунин қасри намудҳои варзиши рӯйи ях бо навтарин стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мешаванд. Маҷмаа дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишӣ мебошад, ки ҳар яке аз 150 то 3000 ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад.
Аз ҷумла, 7 майдони омӯзишии теннис ҳар яке 150 ҷойи нишаст ва қасри теннис 3 ҳазор ҷойи нишаст доранд. Қасри калони варзиши обӣ бошад, дорои 2 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд. Майдону майдончаҳои теннис ва ҳавзҳои аз рӯйи масоҳат ва чуқурӣ гуногуни ин маҷмаа ҳам барои омӯзиши ин намудҳои варзиш ба хоҳишмандон ва ҳам барои мусобиқаҳои маҳаллию байналмилалӣ, аз ҷумла, барои бозиҳои олимпӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ин маҷмаа аз кӯдакони ҳафтсола сар карда то пиронсолон метавонанд ба машқу тамрин машғул шаванд, зеро дар ин ҷо ҳавзҳои аз чуқуриашон камтарин то 3 метр мавҷуд аст. Ҳавзҳо бо баландиҳои 1.5, 3, 7 ва 10 метр мутобиқ ба тамоми талаботи стандартҳои бозиҳои олимпӣ сохта мешаванд.
Дар ҳавзи шиноварии болокушода 3 намуди варзиши обӣ, аз ҷумла, шиноварӣ дар масофаи кӯтоҳ, полои болои об барои занону мардон ва ҷаҳидан ба об ва дар қасри намудҳои варзиши обӣ 5 намуди варзиши обӣ, аз қабили шиноварӣ дар масофаи дароз, шиноварӣ дар масофаи кутоҳ, полои обӣ, шиноварии синхронӣ ва ҷаҳиш дар об, гузаронидан мумкин аст. Дар ҳудуди маҷмааи варзишӣ ҳамчунин таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ барои мошинҳо, роҳраву гулгаштҳои зебо ва ороишоти дилписанд пешбинӣ шудааст.
Баъди шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои корҳои босифат ва ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои назорат аз рӯи корҳо дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.