21.11.2017
: 532
Ба диққати ҳамаи федератсияҳои миллӣ, муассисаҳои таълимии варзишӣ, ассотсиатсия ва ташкилотҳои варзишӣ расонида мешавад, ки Академияи байналмилалии Тсукубаи Ҷопон оид ба илмҳои варзиш дар доираи барномаи давлатии Ҳукумати Ҷопон "Варзиш барои фардо" барои довталабоне, ки донандаи хуби забонҳои англисӣ ва ё ҷопонӣ ҳастанд, барои таҳсили яксолаи ройгон дар соҳаи варзиш дар давраи соли таҳсили 2018-2019 озмун эълон мекунад.
Донишҷӯён аз рӯи ихтиссосҳои зерин ба Академияи байналмилалии Тсукуба қабул карда мешаванд:
- Таҳсил дар соҳаи олимпӣ ва паралимпӣ
- Мудирияти варзиш
- Илмҳои варзиш ва тандурустӣ
- Варзиш барои рушд ва субот
- Тадрис, тамрин ва фарҳанги ҷопонӣ
Тартиби ҳуҷҷатсупорӣ аз 4 марҳила иборат аст:
- Марҳалаи якум барои пешниҳоди дархостнома (24.01.2018-23.02.2018)
- Марҳалаи дуюм барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо (12.02.2018-12.03.2018)
- Марҳалаи сеюм барои мусоҳибаи шифоӣ тавассути “Скайп” (03.04.2018-05.04.2018)
- Марҳалаи чорум барои эълони натиҷаи ниҳоии озмун (10.05.2018 соати 3:00 пас аз зуҳр)
Чанд маслиҳати муфид барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:
1. Он ҳуҷҷатҳое, ки ба унвонии барнома пешниҳод карда мешаванд, бояд аслӣ ва ё ин ки нусхаи аслии тасдиқшуда бошанд, вагарна аз ҷониби комиссияи қабул ба инобат гирифта намешаванд. Инчунин, таъкид карда мешавад, ки ҳуҷҷатҳои пешниҳодгашта баргардонида намешаванд.
2. Ҳуҷҷатҳо бояд ё бо забони англисӣ ва ё ҷопонӣ бошанд. Дар сурати тоҷикӣ будан, шумо метавонед онҳоро дар идораи натариуси давлатӣ тарҷума намоед. Тарҷумаи ғайрирасмии ҳуҷҷатҳо эътибор надоранд.
3. Натиҷаи имтиҳони TOEIC/TOEFL, ки баъд аз моҳи феврали 2016 гирифта шудааст, бахше аз талаботҳои барнома мебошад.
Барои маълумоти муфассал метавонед ба суроғаи почтаи электронии
профессори Академияи байналмилалии тадқиқоти варзиш, факултаи илмҳои тандурустӣ ва варзиши Донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон Зубайдулло Убайдуллоев “zubaidtaj@hotmail.com” ва почтаи электронии Академияи байналмилалии Тсукуба “tias-admin@un.tsukuba.ac.jp” муроҷиат намоед.