04.12.2017
: 2053
2 декабр дар бинои Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии бевоситаи Ширкати ватании “Фароз” дар Соли ҷавонон мавриди таъмиру азнавсозӣ қарор гирифт, ҷаласаи Кумитаи иҷроия баргузор гардид.
Айни замон дар бинои Кумита, ки зимни азнавсозӣ бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст, барои 13 федератсияи варзишӣ утоқҳои корӣ бо фароҳам овардани шароити корӣ – мизу курсӣ, компютеру принтер ва осорхонаи “Шарафи олимпӣ” таъсис, утоқҳои кории кормандон ва ошхонаи Кумита низ таъмир ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Дар ҷаласа муовинони Президенти Кумита Соҳибов Шамсулло, Абдуллозода Аҳтам, масъулони Кумита, роҳбарони федератсияҳо ва варзишгарони маъруфи кишвар ширкат намуданд.
Дар оғози ҷаласа дар фазои тантанавӣ Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров ва Қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Хоҷазода Беҳрӯз бо сертификати Ширкати “Фароз” қадрдонӣ шуданд. Онҳо метавонанд ройгон аз тамоми хизматрасониҳои “SPA Ҳаёт”, ки шароитҳояш мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад, ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ истифода баранд.
Ҳамзамон Ширкати ватании “Фароз” ба Хоҷазода Беҳрӯз стипендияи ҳармоҳа дар ҳаҷми 2000 сомонӣ ҷиҳати тамрин ва омодагӣ ба мусобиқаҳои оянда муқаррар кард.
Дар ҷаласа, ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ номзадии 15 варзишгари Тоҷикистонро ҷиҳати дарёфти кӯмакпулӣ аз рӯи Барномаи “Дастгирии молиявии варзишгарон ҷиҳати омодагӣ ба Олимпиадаи Токио-2020” тасдиқ кард.
Бори аввал аст, ки дастгирии молиявии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба варзишгарон ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ 3 сол пардохт мегардад. То ин вақт он 2 солро дар бар мегирифт. Инчунин, шумораи варзишгарон низ ҷиҳати дарёфти кӯмакпулӣ зиёд гардид. Барои дарёфти кӯмакпулӣ аз ҷониби федератсияҳои миллии варзишӣ номзадии беш аз 30 варзишгар пешниҳод шуда, Кумитаи байналмилалии олимпӣ барои Тоҷикистон 15 квота ҷудо кард ва аз рӯи таҳлили натиҷаҳои нишондодаи варзишгарон 15 нафар интихоб гардиданд. Маблағи кӯмакпулӣ аз 200 то 800 доллари ШМА-ро ташкил дода, ба муддати 3 сол – аз 1 сентябри соли 2017 то 31 августи соли 2020 – ҷиҳати омодагӣ ва дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 пардохт мегардад.
Ҳамин тариқ, аз дастгирии молиявии Кумитаи байналмилалии олимпӣ варзишгарони зерин бархӯрдор мегарданд:
Назаров Дилшод (варзиши сабук) – 900 доллари ШМА;
Устопириён Комроншоҳ (дзюдо) – 700 доллари ШМА;
Саидов Саидҷалол (дзюдо) – 700 доллари ШМА;
Хоҷазода Беҳрӯз (дзюдо) – 500 доллари ШМА;
Искандари Рустам (гуштини озод) – 500 доллари ШМА;
Даминов Шаҳриёр (қайиқронӣ) – 450 доллари ШМА;
Боқиев Суҳроб (дзюдо) – 350 доллари ШМА;
Маҳмадбеков Сомон (дзюдо) – 350 доллари ШМА;
Негматуллоев Шаббос (бокс) – 350 доллари ШМА
Баҳромзода Фарангис (каратэ) – 200 доллари ШМА;
Ғаффорова Мадина (бокс) – 200 доллари ШМА;
Зулқайнарова Шоира (бокс) – 200 доллари ШМА;
Климик Карина (шиноварӣ) – 200 доллари ШМА;
Қаландарова Шоҳида (дзюдо) – 200 доллари ШМА;
Пронженко Кристина (варзиши сабук) – 200 доллари ШМА.
Зимни баргузории ҷаласа иштироки варзишгарон дар 4-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ (моҳи май дар Бокуи Озарбойҷон) ва 5-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ (моҳи сентябр дар Ашқободи Туркманистон) натиҷагирӣ карда шуда, роҳбарони дастаҳои мунахаби Тоҷикистон дар бозиҳои оянда, хусусан Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пхенчони Корея, Бозиҳои Осиё дар Индонезия ва Бозиҳои олимпии наврасон дар Буэнос Айреси Аргентина, ки соли оянда баргузор мешаванд, интихоб шуданд.
Тибқи таҳлилҳо натиҷаи иштироки варзишгарон дар Бозиҳои мазкур мусбат арзёбӣ гардид. Аз ҷумла, зикр шуд, ки дар Бозиҳои Ҳамбастагии исломӣ бори аввал шумораи зиёди давлатҳо аз кишварҳои Африқо, Осиё ва Аврупо ширкат карданд. Варзишгарони мо тавонистанд сазовори 4 медали биринҷӣ шаванд. Дар Бозиҳои Ашқобод бошад. варзишгарони мо сазовори 51 медал – 3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ – гардиданд. Тоҷикистон дар ҷадвали ҳисоби медалҳо аз рӯи сифат миёни 62 давлати иштирокчӣ (4012 варзишгар) ҷои 17 ва аз рӯи шумораи медалҳо дар мақоми 8- ум ҷой гирифт. Дар муқоиса ба бозиҳои гузашта нишондоди варзишгарони мо беҳтар аст. Дар 4-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ соли 2013 дар шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ Тоҷикистонро 23 варзишгар аз рӯи 7 намуди варзиш намояндагӣ карда, дар 2 намуди варзишии ғайриолимпӣ сазовори 4 медал – 1 тилло (кураш), 2 нуқра (кикбоксинг ва кураш) ва 1 биринҷӣ (кикбоксинг) гардида буданд ва дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 43 дастаи иштирокчӣ (1652 варзишгар) ҷои 15 гирифт. Дар Бозиҳои Ашҳобод мо 51 медал ба даст овардем, ки ин нишондод - 10 маротиба бештар аст аз шумораи медалҳои якҷояи бозиҳои қаблӣ мебошад. Ҳамагӣ дар бозиҳои қаблӣ мо 5 медал ба даст оварда будем.
Бо қарори ҷаласаи Кумитаи иҷроия охири моҳи декабр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 17-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд.
Дар фарҷом аз ҷониби роҳбарияти Кумита ҷиҳати беҳтар кардани кор дар соҳаи варзиш, омодагӣ ба бозиҳои оянда ва истифода аз шароиту имконияти мавҷуда дастуру ҳидоятҳо дода шуд.