Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Дастаҳои мутнахаб

Назаров Дилшод

Алоқа

Тел: (992) 919051188 (мобилӣ); (99237) 2230088 (корӣ)

e-mail: nazarov82@inbox.ru

Вазифа

Ноиби Президенти КМО Тоҷикистон

Матни иловагӣ

Назаров Дилшод 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.

Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон (аз соли 2017 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш) мебошад.

Ҳамзамон раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 августи соли 2015 барои дастовардҳои намоёни варзишӣ ва рушди соҳаи варзиш бо мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардидааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2016 барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро -2016 бо мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардидааст.

Дилшод Назаров иштирокчии Бозиҳои олимпии Афина-2004, Пекин-2008, Лондон-2012 ва Рио-де-Жанейро-2016 мебошад.

Чемпиони Бозиҳои олимпӣ-2016, барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук-Пекин-2015, барандаи 3 медали тилло ва медали нуқраи Бозиҳои Осиё, 5 карат чемпиони Осиё, ғолиби аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аст.