Тел: (992) 919051155; 901399999 (мобилӣ); (99237) 2217551 (корӣ)
e-mail: muhamadsho_68@mail.ruКотиби генералии КМО Тоҷикистон
Абдуллозода Муҳаммадшо 28 декабри соли 1968 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Соли 1994 Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе (рӯзона)-ро бо дипломи аъло, соли 2005 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва соли 2003 Академияи байналмилалии олимпиро хатм кардааст.
Фаъолияти корӣ:
1993-1998 – тарҷумон дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон;
1998-2003 - сардори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон;
2003-2005 - иҷрокунандаи вазифаи Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон;
2005-2009 - директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон;
2009-2013 - сардори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон;
2013-2016 - директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Соли 2017 Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.
Ҳамзамон котиби генералии Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиш, котиби генералии Федератсияи шиноварии Тоҷикистон, раиси Федератсияи текболи Тоҷикистон мебошад.
Аз феврали соли 2009 узви Кумитаи варзиш ва муҳити зисти Шӯрои олимпии Осиё, аз июни соли 2009 Директори курсҳои бозомӯзӣ барои маъмурони соҳаи варзиши Кумитаи байналмилалии олимпӣ, аз июли соли 2014 Директори давраҳои омӯзишии сатҳи баланд оид ба идоракунии соҳаи варзиши Кумитаи байналмилалии олимпӣ, аз майи соли 2015 узви Кумитаи иҷроияи Ташкилоти минтақавии зидди допинги Осиёи Марказӣ мебошад.
Бо унвони Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали Хизмати шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ордени фахрии Шӯрои олимпии Осиё сарфароз гардидааст.