12-13 март дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо миёни калонсолон баргузор шуд.
13 март дар шаҳри Аммони Урдун муҳорибаҳои финалии Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон баргузор шуд.
8-11 март дар шаҳри Аммони Урдун муҳорибаҳои даври нимфинали Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон баргузор шуд.
27 март дар шаҳри Ташканди Узбекистон Ниммарафони байналмилалии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад.
11-15 март дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби бонувони то 18-сола баргузор мешавад.
7-8 март дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми ТВ “Варзиш” баргузор шуд.
Дар даври чорякфинал, ки рӯзҳои 5-7 март баргузор шуд, Анушервон Фозилов (-46кг), Руслан Ғафуров (-57кг), Рустамҷон Ашӯров (-60кг) миёни наврасон, Абдураҳим Ёқубов (-60кг), Нурланбек Эрматов (-75кг) миёни ҷавонон ҳарифонашонро шикаст дода, ба даври нимфинал роҳ ёфтанд.
Тавре хабар дода будем, 2 март дар шаҳри Аммони Урдун Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон оғоз гардид, ки то 14 март идома меёбад.
2-3 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии варзиши сабук дар мавсими зимистон баргузор шуд.
Мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон пас аз як моҳ – 2 апрел оғоз шуда, тибқи формулаи нав баргузор мегардад.