Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷаи медалҳои бадастомада шаҳри Душанбе мақоми аввал, вилояти Суғд ҷои дуюм ва вилояти Хатлон мақоми сеюмро касб намуданд.
19-20 октябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ байни наврасони соли таваллудашон 2004-2006 доир гардид.
Баъд аз танаффуси панҷсола бозиҳои клубҳои баскетболи Тоҷикистон аз сар гирифта шуд. Ин бор дар доираи Лигаи баскетболи Тоҷикистон.
20 октябр бозиҳои даври нуздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.
Шаҳриёр Даминов 17 октябр дар каноэи якнафарӣ (С1) ба масофаи 3600 метр сазовори медали нуқраи Чемпионати Осиё гардида буд.
Давраҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Норак, Хоруғ, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷалолиддин Балхӣ баргузор гардида, дар онҳо кормандони мактабҳо ва ташкилотҳои варзишӣ ширкат намуданд.
Дар мулоқот бо ноиби директори Ҳамбастагии олимпӣ хонум Памела Випонд, лоиҳаи як маҷмааи варзишӣ муаррифӣ карда шуда, он барои баррасии минбаъда ва маблағгузорӣ ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ пешниҳод гардид.
Аҳтам Абдуллозода, ҳамчунин бо роҳбарони кумитаҳои миллии олимпии Ҷопон Ясуҳиро Ямасита ва Узбекистон Рустам Шоабдураҳмонов, ки ҳар ду ба тозагӣ интихоб шудаанд, мулоқот кард.
Фардо – 19 октябр – варзишгарони мо дар масофаи миёна (26 км) нерӯ месанҷанд.
Паҳлавони шинохтаву маҳбуби кишвар Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки дар Марокаш ҷараён дорад, сазовори медали тилло гардид.