17.01.2023
: 397
18-26 январ дар шаҳри Бангкоки Тайланд дуюм нашри Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола баргузор мешавад.
Барои ширкат дар мусобиқа 243 варзишгар аз 21 давлати қора сабти ном шудаанд. Аз ҷумла Федератсияи бокси Тоҷикистон 7 варзишгар – 6 мард, 1 занро ба Тайланд сафарбар кардааст:
-57кг – Хусравхон Раҳимов
-60кг – Абубакр Муродзода
-71кг – Довуд Маҳкамов
-75кг – Абдумалик Болтаев
-80кг – Шаҳбоз Ҳаитов
+92кг – Асадбек Маннонов
-60кг – Бибинишастамо Холова
Варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Маҳмадҷон Сулаймонов, Хуршед Абдуллоев ҳамроҳӣ мекунанд. Доварони тоҷик Акмалҷон Абдуллоев ва Меҳроҷ Умаров муҳорибаҳои чемпионатро ҳакамӣ хоҳанд кард.
Аввалин нашри Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола моҳаи январи соли гузашта дар Тошканди Узбекистон баргузор шуда буд, ки варзишгарони мо 11 медал, аз ҷумла 1 тилло ба даст оварда буданд.