13.01.2023
: 324
Тибқи натоиҷи қуръакашии марҳилаи аввали мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпӣ-2024 оид ба футболи бонувон, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» қарор гирифта, бо тимҳои Филиппин, Ҳонконг ва Покистон бозӣ хоҳад кард.
Дар марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии соли 2024 26 дастаи занона ба ҳафт гурӯҳ тақсим мешаванд: панҷ гурӯҳ иборат аз чор даста ва ду гурӯҳ иборат аз се даста. Бозиҳои ин марҳила аз 3 то 11 апрел баргузор мешаванд.
Ғолибони ҳафт гурӯҳ ба марҳилаи дуюми интихобӣ роҳ меёбанд, ки дар он марҳила панҷ дастаи беҳтарин дар Осиё – Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Австралия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ба рақобат ҳамроҳ мешаванд.
Чаҳор дастаи беҳтарини марҳилаи дуюми интихобӣ (се ғолиби гурӯҳ ва беҳтарин дастае, ки ҷойи дуюмро дар гурӯҳҳо ишғол кардааст) дар марҳилаи сеюми интихобӣ бо ҳам вомехӯранд. Дар марҳилаи ниҳоӣ дастаҳо ба ду ҷуфт тақсим шуда, ду бозигӣ – дар хона ва дар меҳмонӣ баргузор мекунанд. Ғолибони ҷуфтҳо ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Парижро ба даст меоранд.
Натиҷаи қуръакашии даври аввали марҳилаи интихобии Бозиҳои олимпӣ-2024:
Гурӯҳи «А»: Узбекистон, Урдун, Тимори Шарқӣ, Бутан.
Гурӯҳи «В»: Мянмар, Эрон, Бангладеш, Малдив.
Гурӯҳи «С»: Ветнам, Непал, Фаластин, Афғонистон.
Гурӯҳи «D»: Тайланд, Муғулистон, Сингапур, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «Е»: Филиппин, Ҳонконг, ТОҶИКИСТОН, Покистон.
Гурӯҳи «F»: Тайпейи Чин, Индонезия, Лубнон.
Гурӯҳи «G»: Ҳиндустон, Қирғизистон, Туркманистон.