19.12.2022
: 218
Варзишгари тоҷик Илдар Аҳмадиев 17 декабр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Амин Туяков медали биринҷӣ ба даст овард.
Ба барномаи мусобиқа 15 сабқати варзиши сабук миёни мардҳо ва занон ворид гардида буд. Ҳамчунин дар доираи мусобиқа дав миёни устодон дар масофаи 800 метр ва сабқат миёни кӯдакон дар масофаи 60 метр ва эстафетаи омехтаи 4х200 метр доир шуд.
Дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷоизаҳои Амин Туяков варзишгарон аз Ҳонг Конг, Қирғизистон, Тоҷикистон, Украина ва Қазоқистон ширкат карданд.
Варзишгари тоҷик Илдар Аҳмадиев дар ду мусобиқа иштирок карда, дар дав ба масофаи 60 метр бо натиҷаи 6.89 сония ҷои сеюмро гирифт. Ду ҷои аввалро дар ин масофа варзишгарони Ҳонг Конг – Ҳонг Кит Ли (6.77) ва Кам Чинг Шак (6.75) сазовор шуданд. Дар ҷаҳиш ба дарозӣ бошад, Илдар ҷои нуҳумро ишғол кард.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалу диплом бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд – ҷои аввал 100 000 танга, ҷои дуюм 50 000 ва ҷои сеюм 30 000 танга.
Амин Елемисович Туяков - варзишгари Иттиҳоди Шӯравӣ дар масофаҳои кӯтоҳи дав - ғолиб ва ҷоизадори Чемпионати ИҶШС, рекордгузори ИҶШС, ғолиби Ҷоми Аврупо, ҷоизадори Чемпионати Аврупо мебошад.