18.11.2022
: 455
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Барномаи “Тибби варзиш ва назорати допинг”-и Ҳамбастагии олимпиро дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар татбиқ мекунад.
Дар доираи барнома 17 ноябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар барои масъулини мактабҳои варзишӣ семинари омӯзишӣ доир гардид. Дар идома чунин семинарҳо барои дастпарварони мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе ва минтақаи Бохтари вилояти Хатлон баргузор хоҳад шуд.
Умуман, дар доираи барнома беш аз 6000 нафар ба омӯзиш фаро гирифта шуда, донишҳояшонро оид ба допинг, оқибатҳои бади истифодаи доруҳои нерӯафзо, тарзи дурусти истеъмоли ғизо, ғизои солим ва ғайра пурра мекунанд.
Ба иштирокчиёни семинарҳо, ҳамчунин дастурамалҳо оид ба допинг ва саломатии варзишгарон тақдим мешавад.