07.11.2022
: 395
6 ноябр – дар рӯзи охири мусобиқаи байналмилалии ҷудо – “Baku Grand Slam 2022” паҳлавони маъруфу маҳбуби кишвар Темур Раҳимов ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд.
Ин аввалин медали тиллои ҷудочиёни кишвар дар мусобиқоти Grand Slam мебошад.
Темур то расидан ба финали вазни +100кг дар даври дуюм (дар даври аввал озод буд) варзишгари Исроил Серафим Компаниез, дар чорякфинал намояндаи Гурҷистон Сабо Инанеишвилӣ, дар нимфинал варзишгари Финландия Марти Пумалейнинро мағлуб кард. Дар финал ҳарифи Темур Алишер Юсупови узбекистонӣ буд, ки бо як партофти зебои иппон муқобилаш пирӯз шуд.
Сомонаи Федератсияи байналмилалӣ навиштааст: “...Ҳамагӣ бештар аз як дақиқа то анҷоми вақти сабқат монда буд, ки Раҳимов ҳаракати дуруст ва чанголи дурустро ёфт ва ба сабқат бо “о-учи-гарӣ” иппони азим нуқта гузошт. Ӯ узбекро ба дастонаш печонда, ба фарш зад. Ин бузург буд. Ин роҳи беҳтарини анҷоми се рӯзи ҷудо дар Боку буд”.
Ёдовар мешавем, ки 4 ноябр, дар рӯзи аввали “Baku Grand Slam 2022” Мулораҷаб Халифаев дар вазни -66кг ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуда буд.
“Baku Grand Slam 2022” бо иштироки 366 варзишгар (206 мард, 160 зан) аз 61 давлат 4-6 ноябр баргузор шуд.
Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқа 12 варзишгар миёни мардон иштирок карданд: Муслимбек Каримов (-60кг), Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Каюмарс Норов (-66кг), Мулораҷаб Халифаев (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Абубакр Шеров (-73кг), Сомон Маҳмадбеков (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Эмомризо Анварзода (-100кг), Раҳматулло Мирзоев (-100кг) ва Темур Раҳимов (+100кг).
Ҳамин тавр, дар ҳисоби умумии даставӣ Тоҷикистон бо 1 медали тилло ва 1 нуқра миёни 61 давлати иштирокчӣ ҷои 6-умро ишғол намуд. Дар ҳисоби даставӣ миёни мардҳо бошад, пас аз Озарбойҷон дар ҷои дуюм мавқеъ гирифт.
Ногуфта намонад, ки ин шашум медали Темур Раҳимов аз мусобиқаҳои Гранд Слам мебошад. Ӯ соли 2021 дар Боку медали нуқра, дар Абузабӣ медали биринҷӣ ва соли равон дар Тел Авив, Анталия ва Абузабӣ 3 медали биринҷӣ ба даст овардааст. Темур, ҳамчунин як медали биринҷии Гран При (2019), ду медали нуқра (2019, 2022) ва як медали биринҷии (2021) Чемпионати Осиёро сазовор гардидааст.