19.10.2022
: 378
Дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ҷаласаи 26-ум Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) оғоз шуд ва то 21 октябр идома меёбад.
Дар ҷаласа намояндагон аз 204 кумитаҳои миллии олимпӣ ширкат дорад. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ноиби Президент Раҳмонзода Абдулло ва котиби генералӣ Абдуллозода Муҳаммадшо намояндагӣ мекунанд.
Иҷрокунандаи президенти ANOC Робин Митчел дар суханронии ифтитоҳӣ, аз ҷумла гуфт: “Мо бояд дар хотир дорем, ки варзиш қудрати беҳамто дорад, ки одамонро ба ҳам мепайвандад, монеаҳоро дур мекунад, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмиро тарғиб мекунад. Мо борҳо дидаем, ки чӣ гуна варзиш метавонад ба дигаргуниҳои иҷтимоӣ мусоидат кунад ва ҳамаи моро ташвиқ кунад, ки беҳтарин бошем. Мо дидем, ки ҷаҳони варзиш дар арзишҳои муштараки худ муттаҳид мешавад ва тавре ки президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах гуфтааст, варзиш ба сулҳ имкон медиҳад”.