17.10.2022
: 395
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки 14-16 октябр дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор шуд, 7 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ – ба даст оварданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 17 нафар дар самбои варзишӣ намояндагӣ карданд. Қувваозмоиҳо аз рӯи се синну сол баргузор шуд.
Медали тиллоро Фарзиншоҳ Ҳусейнов дар вазни +98кг миёни ҷавонон ба даст овард. Миёни ҷавонон Субҳиддин Халилзода (-71 кг) ба гирифтани медали нуқра, Мусаниф Миробов (-58 кг) ва Анис Субадоров (-64 кг) ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Медали дигари нуқраро Абдуллои Ориф дар вазни -64кг миёни наврасони 16-18-сола соҳиб шуд.
Миёни наврасони 14-16-сола Муҳаммадамин Лоиқов (-64 кг) ва Аминҷони Абдулфайёз (-71 кг) сазвори медали биринҷӣ шуданд.