Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: БОЗИҲО ПАС АЗ ДУ ҲАФТАИ ТАНАФФУС АЗ САР ГИРИФТА ШУД

03.10.2022

: 408

Ҳафтаи сипаришуда пас аз танаффуси дуҳафтаина, бо сабаби иштироки тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Тайланд, бозиҳои даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Бозӣ миёни тимҳои “Эсхата” – “Хатлон”, ки 30 сентябр дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд доир гашт, мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт.

Дар бозии дигар, ки низ дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон”-и Хуҷанд 1-уми октябр доир гардид, “Хуҷанд” ба дарвозаи тими “Файзканд” се голи беҷавоб зад. Сергей Сканян дар дақиқаи 8-ум ҳисобро кушод. Ду голи дигарро Хушнудбек Бозоров ва Ҷаҳонгир Эргашев ба номашон навиштанд.

1-уми октябр “Равшан”-и Кӯлоб дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор тими “Регар-ТадАЗ”-ро мағлуб кард – 2:0. Се холи “Равшан” тавассути зарбаҳои нишонраси Муҳаммадалӣ Азизбоев ва Шодиҷон Муродов ба даст омад.

Ду бозии дигар рӯзи 2-юми октябр баргузор шуд. Дастаи футболи Клуби марказии варзиши артиш (КМВА) дар майдони худ аз дастаи “Равшан”-и Зафаробод шикаст хурд – 1:2. Ба голи бозингари артиш Хуршед-Тимур Ҷураев зафарободиҳо тавассути Парвизҷон Деҳқонов ва Бахтиёр Зарипов бо ду гол ҷавоб доданд.

Бозӣ миёни “Истаравшан” – “Истиқлол” мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Бозингари мизбон Амирҷон Сафаров дар дақиқаи 55 ҳисобро кушод. Легионери аргентинии “Истиқлол” Гонсало Габриел Ритакко дар дақиқаҳои иловагӣ дастаашро аз бохт наҷот дод.

Пас аз натиҷагирии 16 давр дар ҷадвали чемпионат “Истиқлол” бо 31 хол пешсаф аст. “Равшан”-и Кӯлоб бо 4 холи камтар (27) дар ҷои дуюм ва “Хуҷанд” бо 25 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Бозиҳои даври навбатӣ 8-9 октябр ба нақша гирифта шудааст. Дар даври 17-ум 8-уми октябр “Регар-ТадАЗ” – КМВА, “Хатлон” – “Истаравшан”, 9-уми октябр “Равшан” (Зафаробод) – “Хуҷанд”, “Истиқлол” – “Равшан” (Кӯлоб), “Файзканд” – “Эсхата” бо ҳам вомехуранд.