Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУНТАХАБИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶОМИ ОСИЁ-2022 БОЗИИ ДУЮМАШРО ДОИР КАРД

30.09.2022

: 260

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври дуюми гурӯҳи “B”-и марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022, ки дар Кувейт ҷараён дорад, бо тими Узбекистон бозӣ кард.

Бозӣ бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи тими футзали Узбекистон анҷом ёфт. Ҳар ду голро дар ҳайти тими Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров зад.

Бозии дигари гурӯҳи «В» миёни дастаҳои Баҳрайн ва Туркманистон мусовӣ - 4:4 анҷом ёфт.

Пас аз натиҷагирии ду даври бозиҳо дар гурӯҳи “В” Узбекистон бо 6 хол пешсаф аст ва пеш аз муҳлат ба даври чорякфинал роҳхат гирифт. Тоҷикистон бо 3 хол дар ҷои дуюм, Баҳрайн ва Туркманистон бо якхолӣ дар ҷойҳои сеюму чорум мавқеъ доранд.

Дар даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В” рӯзи 1 октябр тими миллии Тоҷикистон бо тими Туркманистон бозӣ мекунад. Барои ба даври баъдӣ роҳ ёфтан барои футболбозони мо ҳисоби мусовӣ кофӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки футболбозони Тоҷикистон 27 сентябр дар даври аввали бозиҳои гурӯҳи «В» бар тими миллии Баҳрайн бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуданд.