Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

СЕ ҶУДОЧИИ ТОҶИК ДАР ГАРАНД СЛАМИ УЛАНБАТОР ШИРКАТ МЕКУНАНД

20.06.2022

: 350

Сайри ҷаҳонии ҷудо 24-26 июн бо мусобиқаи байналмиалии “Ulaanbaatar Grand Slam 2022” идома меёбад. Ҳамчунин, ин чорабинӣ аввалин мусобиқаи системаи интихобии Бозиҳои олимпии Париж-2024 маҳсуб меёбад.

Дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022” иштироки 270 варзишгар (161 мард, 109 зан) аз 30 давлат дар назар аст. Ҷумҳурии моро се нафар намояндагӣ мекунанд: Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни -73кг) ва Амирҷони Насимҷон (-90кг).

Чун анъана қувваозмоиҳо давоми се рӯз доир мегарданд. Варзишгарони мо – Сомон ва Беҳрӯз рӯзи дуюм (25 июн), Амирҷони Насимҷон рӯзи сеюм (26 июн) гуштин мегиранд.

Ба ғолибон дар баробари медал ҷоизапулӣ дар назар гирифта шудааст. Ғолиби ҳар вазн соҳиби 5000 евро, барандаи медали нуқра соҳиби 3000 евро ва барандаи медали биринҷӣ соҳиби 1500 евро мегардад.

Гранд Слами Уланбатор шашум мусобиқа аз силсилаи мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо мебошад. Варзишгарони тоҷик дар панҷ мусобиқаи гузаштаи соли 2022 се медал ба даст овардаанд: Комроншоҳ Устопириён (-90кг) моҳи январ дар Гран Прии Португал, Темур Раҳимов моҳи феврал дар Гранд Слами Тел Авив ва моҳи апрел дар Гранд Слами Анталия медали биринҷӣ ба даст оварданд.