Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ “F”-И МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ ҶОИ АВВАЛРО ГИРИФТ

15.06.2022

: 358

Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол тими миллии Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Қирғизистон мусовӣ (0:0) бозӣ карда, дар гурӯҳи “F” ҷои аввалро гирифт.

Дар ду даври гузашта мунтахаби Тоҷикистон бар дастаҳои Мянмар (4:0) ва Сингапур (1:0) ғалаба карда буд.

Ҳамин тариқ, мунтахабҳои миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон 7-холӣ ба даст оварда, ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё роҳ ёфтанд. Аз ҳисоби таносуби тӯбҳо тими миллии мо дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол кард. Дар се бозӣ мунтахаби Тоҷикистон ба дарвозааш ягон гол сар надод.

Ёдрас мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт бори аввал дар таърих ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё, ки аз 16 июн то 16 июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, роҳ ёфт.

Дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 дар баробари мунтахаби Тоҷикистон, дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Сурия, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, АМА, Чин, Ироқ, Уммон, Ветнам, Лубнон, Урдун, Фаластин, Узбекистон, Тайланд, Ҳиндустон, Ҳонг Конг, Баҳрайн, Малайзия, Қирғизистон ва Индонезия иштирок хоҳанд кард.

Қарор дар бораи дар куҷо баргузор шудани 18-ум Ҷоми Осиё дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё 17 октябр қабул мегардад.