Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ШИНОВАРӢ (25м) ДАР МЕЛУБРН ДОИР МЕШАВАД

20.05.2022

: 438

Мелбурн (Австралия) мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ (25 метр) эълон шуд. Мусобиқа бояд дар Қазон доир мегардид.

Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) моҳи март ба ҷустуҷӯи мизбони нав оғоз кард. FINA дар доираи вокуниш ба ҳамлаи низомии Русия ба Украина Қазонро аз ҳуқуқи мизбон маҳрум карда буд.

Қарор аст, ки Австралия бори аввал мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ дар масофаҳои кӯтоҳ гардад. Чемпионати ҷаҳон дар Маркази варзиши обӣ дар Мелбурн аз 13 то 18 декабр баргузор мешавад.

Президенти FINA Ҳусайн Ал-Мусаллам гуфтааст: "Федератсияи байналмилалии шиноварӣ хушҳол аст, ки кишвари Австралия бори аввал Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ (25 метр)-ро мизбонӣ мекунад. Австралия як анъанаи бузурги шиноварӣ дорад ва мо бесаброна интизори сафар ба Мелбурн ҳастем".

Маркази варзиши обӣ дар Мелбурн қаблан соли 2007 Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ, инчунин бисёр чорабиниҳои Ҷоми ҷаҳониро баргузор карда буд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ (25 метр) охирин чорабинии бузургест, ки ба Австралия дода мешавад, зеро ин кишвар ҳамчун мизбони Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ - Брисбен 2032 тасдиқ карда шуда буд.

Қазон Чемпионати ҷаҳон оид ба шиновариро низ доир намекунад. Ин чорабинӣ дар пойтахти Перу – шаҳри Лима баргузор хоҳад шуд.