Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПАРИЖ-2024: СИСТЕМАИ ИНТИХОБИИ ҚАЙИҚРОНӢ ДАР БАЙДАРКА ВА КАНОЭ

18.05.2022

: 381

Қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ ҳамчун намуди олимпии варзиш аз соли 1936 шинохта шудааст (соли 1924 ҳамчун намуди варзиш намоиш дода шуда буд). Аввал мусобиқа миёни мардон сурат мегирифт, қувваозмоиҳо миёни бонувон аз соли 1948 – Бозиҳои олимпии Лондон – баргузор мешавад.

Аз Тоҷикистон варзишгарон бори аввал аз рӯи намуди қайиқронӣ дар Бозиҳои олимпӣ иштирок намудаанд. Иброҳим Ҳасанов соли 1960 дар Бозиҳои олимпии Рим дар ҳайати ИҶШС иштирок карда, дар байдаркаи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр ҷои чорумро ишғол кард. Ӯ, ҳамчунин дар Бозиҳои олимпии Токио-1964 ширкат намуда, ин бор дар байдаркаи дунафарӣ ба масофаи 1000 метр ҷои ҳафтумро ишғол кард. Баъдан, соли 1972 дар Бозиҳои олимпии Мюнхен варзишгари тоҷикистонӣ, шогирди Иброҳим Ҳасанов Юрий Лобанов дар каноэи дунафарӣ ба масофаи 1000 метр медали тилло ва дар Бозиҳои олимпии Москва-1980 медали биринҷӣ ба даст овард.

Варзишгарони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ натавонистаанд, ки роҳхати бозиҳои олимпиро ба даст оваранд. Аммо солҳои охир ин намуди варзиш дар кишвар рушд мекунад. Варзишгарони мо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалию минтақавӣ иштирок карда, ба дастовардҳо ноил гардида истодаанд. Хусусан, Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ ба масфаи 1000 метр соли 2017 медали нуқраи чемпионати Осиё ва соли 2018 медали нуқраи Бозиҳои Осиёро сазовор шуд.

Соли 2024 (26 июл – 11 август) дар Париж – пойтахти Фаронса XXXIII Бозиҳои Олимпиада баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш, аз ҷумла қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (canoe sprint) ворид гардидааст.

Мусобиқаи қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ аз рӯи 10 қувваозмоӣ доир мешавад: миёни мардон 5 – байдаркаи якнафарӣ ба масофа 1000 метр, дунафарӣ ба масофаи 500 метр, чорнафарӣ ба масофаи 500 метр, каноэи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр ва дунафарӣ ба масофаи 500 метр, миёни бонувон 5 – байдаркаи як, ду, чорнафарӣ ба масофаи 500 метр, каноэи якнафарӣ ба масофаи 200 ва дунафарӣ 500 метр.

Дар намуди қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ ҳамагӣ 236 варзишгар (117 нафар миёни мардон, 117 нафар миёни бонувон) иштирок мекунанд. Аз ҳар кумитаи олимпӣ 18 нафар имкони гирифтани роҳхати олимпиро доранд. 158 роҳхат дар чемпионати ҷаҳон-2023, 74 нафар тариқи мусобиқаҳои интихобии қитъавӣ ба Париж сафарбар мегарданд.

Дар чемпионати ҷаҳон-2023 дар қувваозмоии К-1 миёни мардон ба масофаи 1000 метр ва миёни бонувон ба масофаи 500 метр 6-нафарӣ (12 нафар + 2 квота ба кишвари мизбон), К-2 500 метр миёни мардон ва бонувон 12-нафарӣ (24 нафар, ду нафар аз як КМО), К-4 500 метр миёни мардон ва бонувон 40-нафарӣ (80 нафар, 4 нафар аз як КМО), С-1 1000 метр миёни мардон ва 200 метр миёни бонувон 5-нафарӣ (10 нафар + 2 квота ба кишвари мизбон), С-2 500 метр миёни мардон ва бонувон 16-нафарӣ (32 нафар, ду нафар аз як КМО) соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд.

74 варзишгар (37 мард, 37 зан) ба Бозиҳои олимпӣ тариқи мусобиқаҳои интихобии қитъавӣ соҳиби роҳхат мешаванд. Аз ҷумла дар қувваозмоиҳои К-1 ва С-1 миёни мардҳо ва бонувон аз Аврупо, Осиё, Амрико 2-нафарӣ, аз Африқо, Уқёнус 1-нафарӣ, дар қувваозмоиҳои К-2 ва С-2 миёни мардон ва бонувон аз ҳар 5 қитъа 2-нафарӣ (1 роҳхат).

Мусобиқаи қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Бозиҳои олимпии Париж-2024
Қувваозмоӣ – 10
Мардон – 5
Бонувон – 5

Шумораи иштирокчиён
Мардон – 117
Бонувон - 117
Ҳамагӣ – 236

Тақсимоти ҷойҳо:
Роҳхат тариқи чемпионати ҷаҳон-2023 – 158
Роҳхат тариқи мусобиқаҳои интихобии қоравӣ - 74
Квота ба кишвари мизбон - 4
Ҳамагӣ – 236

Мусобиқаҳои интихобӣ

23-27 августи соли 2023
Чемпионати ҷаҳон оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ

Соли 2023
Мусобиқаи интихобии Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ