Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС МИЁНИ БОНУВОН БАРОИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ХОТИМА ЁФТ

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС МИЁНИ БОНУВОН БАРОИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ХОТИМА ЁФТ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС МИЁНИ БОНУВОН БАРОИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ХОТИМА ЁФТ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС МИЁНИ БОНУВОН БАРОИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ХОТИМА ЁФТ

17.05.2022

: 431

Муштзани тоҷик Шоира Зулқайнарова дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон пас аз ду пирӯзӣ бар намояндагони Кувейт ва Кореяи Ҷанубӣ дар вазни 63кг 16-уми май дар даври чорякфинал аз варзишгари Ҳиндустон Парвин шикаст хурда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон дар шаҳри Истанбули Туркия 9-уми май шуруъ гардид ва то 21 май идома меёбад. Дар чемпионат 310 варзишгар аз 73 давлат иштирок доранд.

Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи бонуфуз ба ғайр аз Шоира инчунин Сумайя Қосимова (48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (50кг) ва Миҷгона Самадова (57кг) намояндагӣ карданд.

Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни 50кг дар дар даври аввал бар варзишгари Боливия Айда Санталла ғалаба кард, вале дар даври дуюм аз намояндаи Колумбия Ингрит Лорена Викториа шикаст хурд.

Сумайя Қосимова дар вазни 48кг дар даври аввал аз Севда Асенова (Булғория), Миҷгона Самадова (57кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) мағлуб шуд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон танҳо як медали биринҷӣ дорад, ки онро соли 2012 Мавзуна Чориева ба даст овардааст.