11.04.2022
: 480
Мусобиқа оид ба ҷудо бори аввал дар Бозиҳои олимпии Токио-1964 доир гашт ва баъдан ба барномаи ҳамаи бозиҳо ворид карда шуд, ба ғайр аз Бозиҳои олимпии Мехико-1968. Аввал рақобатҳо миёни мардон сурат мегирифт, қувваозмоиҳо миёни занон бори аввал дар Олимпиадаи Барселона-1992 доир гашт.
Соли 1964 мусобиқаи ҷудо аз рӯи чор категорияи вазнӣ сурат гирифт: вазни озод, -68кг, -80кг, +80кг. Такеҳида Накатанӣ, Исао Окано, Исао Инокума (ҳар се аз Ҷопон), Антон Гесинк аз Ҳолланд аввалин қаҳрамонҳои олимпӣ дар намуди ҷудо мебошанд.
Варзишгарони тоҷик соли 1996 дар Бозиҳои олимпии Атланта (3 нафар), соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин (3 нафар), соли 2012 дар Бозиҳои олимпии Лондон (2 нафар), соли 2016 дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро (2 нафар) ва соли 2021 дар Бозиҳои олимпии Токио (4 нафар) иштирок кардаанд.
Соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин Расул Боқиев аввалин медали олимпии Тоҷикистонро ба даст овард. Ӯ дар қувваозмоии вазни -73кг сазовори медали биринҷӣ гашт.
Соли 2024 (26 июл – 11 август) дар Париж – пойтахти Фаронса XXXIII Бозиҳои Олимпиада баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо ворид гардидааст.
Мусобиқаи ҷудо аз рӯи 15 қувваозмоӣ доир мешавад: мардон дар 7 вазн, бонувон дар 7 вазн ва 1 қувваозмоии даставии омехта.
Дар намуди ҷудо ҳамагӣ 372 варзишгар (186 нафар миёни мардон, 186 нафар миёни бонувон) иштирок мекунанд. 338 нафар (169-нафарӣ миёни мардону бонувон) тариқи роҳхати мустақим, 14 нафар (7-нафарӣ миёни мардону занон) варзишгарони кишвари мизбон, 5 нафар даъват барои қувваозмоии даставӣ, 15 нафар тариқи ҷойи универсалӣ ба Париж сафарбар мегарданд.
Роҳхатҳои мустақим (238 адад) дар асоси радабандии олимпии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) аз 25 июни соли 2024 тақсим мешавад. 17 нафари аввали ҳар категорияи вазнӣ ҳам миёни мардҳо, ҳам миёни бонувон соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд. Вале аз як кумитаи милли олимпӣ (КМО) дар як вазн як нафар имкони гирифтани роҳхатро дорад. Яъне, агар КМО дар як категорияи вазнӣ 2 ё зиёда роҳхат ба даст оварад, пас бояд як нафарро интихоб кунад. Ҷойҳои холишуда аз ин ҳисоб аз ҳисоби варзишгарони ҷойҳои 18 боло пур карда мешавад.
100 роҳхати дигар (50 – мардҳо, 50 - бонувон) дар асоси радабандии олимпӣ ба намояндагони қораҳо насиб мегардад. Дар асоси радабандии олимпӣ радабандии қитъавӣ тартиб дода мешавад ва намояндагони қораҳо, ки дар 17-гонаи аввал ҷой нагирифтанд, вале мавқеашон хуб аст, сазовори роҳхати олимпӣ мешаванд. Шакли тақсимбандии ҷойҳо барои қораҳо чунин аст:
Аврупо – 25 роҳхат (13 роҳхат ба мардҳо, 12 роҳхат ба бонувон)
Амрико – 21 роҳхат (10 роҳхат ба мардҳо, 11 роҳхат ба бонувон)
Африқо – 24 роҳхат (12-нафарӣ миёни мардону бонувон)
Осиё – 20 роҳхат (10-нафарӣ миёни мардону бонувон)
Уқёнус – 10 роҳхат (5-нафарӣ ба мардону бонувон)
Дар баробари ин ҳар қора 1 квотаи даъват барои қувваозмоии даставӣ дорад. Варзишгароне, ки квотаи даъвати дастаиро мегиранд, ба таври худкор ҳам дар қувваозмоиҳои инфиродӣ ва ҳам дар мусобиқаи даставии Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунанд. Давлатҳое ҳастанд, ки ба ҷои шаш категорияи вазнҳои дастаӣ танҳо панҷ (5) варзишгар доранд. Кишваре, ки дар ҳар як қитъа дар рӯйхати радабандии тимҳои ҷаҳонӣ ҷой гирифтааст, квота мегирад.
14 варзишгари кишвари мизбон (дар ҳар категорияи вазнӣ як нафар) миёни мардону бонувон соҳиби квота мегарданд. Ҷойи онҳо дар радабандии олимпӣ ба инобат гирифта намешавад.
15 квота бо қарори Комиссияи сеҷониба ба КМО-е, ки шумораи роҳхатҳои олимпиашон дар ҳама намуди варзиш кам аст, дода мешавад.
Марҳилаи интихобии олимпӣ дар намуди ҷудо 24 июни соли 2022 шурӯъ гардида, 23 июни соли 2024 ба анҷом мерасад. Ҳамаи мусобиқаҳои ҷудо, ки дар рӯйхати чорабиниҳои IJF сабт гардидаанд ва дар давраи аз 24.06.2022 то 23.06.2024 доир мегарданд, интихобӣ ба ҳисоб мераванд. Варзишгарон дар мусобиқаҳо иштирок карда, соҳиби холҳои олимпӣ мегарданд. Натиҷаи радабандии олимпӣ баъд аз ҳар мусобиқа дар сомонаи расмии IJF нашр мешавад.
Мусобиқаи ҷудо дар Бозиҳои олимпии Париж-2024
Қувваозмоӣ – 15
Мардон – 7
Бонувон – 7
Даставии омехта – 1
Шумораи иштирокчиён
Мардон – 186
Бонувон - 186
Ҳамагӣ – 372
Синну сол – 15+
Тақсимоти ҷойҳо:
Роҳхати мустақим – 238
Роҳхат тариқи қораҳо – 100
Квотаи даъвати даставӣ - 5
Квота аз ҷониби Комиссияи сеҷониба - 15
Квота барои кишвари мизбон – 14
Ҳамагӣ - 372