04.04.2022
: 514
Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) тағйирот дар вазнҳои варзишҳои бокс ва вазнбардориро барои Бозиҳои олимпии Париж-2024 ҳамроҳ бо системаи интихобии олимпӣ тасдиқ кард.
КБО қаблан эълон карда буд, ки дар ҳар ду намуди варзиш квотаҳои варзишгарон коҳиш хоҳад ёфт.
Ҷойҳо дар вазнабардорӣ аз 260 квота дар Олимпиадаи Рио-2016, 196 квота дар Токио-2020, акнун дар Париж-2024 ба 120 квота коҳиш дода шуд. Ҳар ду ҷинс дар ин бозиҳо панҷ категорияи вазнӣ доранд, ки чаҳор вазнро КБО хориҷ кардааст.
Дар Париж-2024 занон дар вазнҳои 49кг, 59кг, 71кг, 81кг ва +81кг, мардҳо дар вазнҳои 61кг, 73кг, 89кг, 102кг ва +102кг рақобат хоҳанд кард.
КБО гуфтааст, ки бокс бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ аз ҷиҳати иштироки варзишгарон ба баробарии пурраи гендерӣ ноил хоҳад шуд ва бояд дар ин намуди варзиш 124 мард ва 124 зан ширкат кунанд.
Дар Париж-2024 ҳафт категорияи вазнӣ миёни мардон - 51кг, 57кг, 63,5кг, 71кг, 80кг, 92кг ва +92кг ва шаш вазн миёни занон - 50кг, 54кг, 57кг, 60кг, 66кг ва 75кг муайян шудааст.
Шӯрои иҷроияи КБО, инчунин формати мусобиқаҳои тирандозиро барои бозиҳо қабул кард.
Шӯрои иҷроияи КБО системаи интихобии олимпиро барои ҳамаи 32 намуди варзиш дар Бозиҳои олимпии Париж тасдиқ кард, ки ҳафтаи оянда нашр хоҳанд шуд.