01.04.2022
: 520
Ҷамъомади тамринӣ-таълимии дуҳафтаинаи дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Туркия ба анҷом расид.
Шогирдони Мубин Эргашев дар доираи ҷамъомад се бозии санҷишӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрии ниҳоии санҷишӣ дар Анталия футболбозони ҷавони мо бо ҳамсолони худ аз Кувайт бозӣ карданд. Ин рақобат мусовӣ – 1:1 хотима ёфт. Голро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Шоҳрух Сангов зад.
Қаблан дар Туркия дастаи олимпии мо бо ҳамсолони худ аз Того (0:1) ва Урдун (0:0) вохурда буд.
Барои мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталияи Туркия як марҳилаи омодагӣ ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ба ҳисоб меравад, ки аз 1 то 19 июн дар Узбекистон баргузор мешавад. Рақибони дастаи мо дар гурӯҳи «D» тимҳои Арабистони Саудӣ (3 июн), Амороти Муттаҳидаи Араб (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) мебошанд.