29.03.2022
: 469
25-29 март дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол – Ҷоми Наврӯз баргузор шуд.
Дар мусобиқа 4 дастаи мунтахаб – Тоҷикистон, Қирғизистон, Уганда ва Узбекистон ширкат карданд.
Тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт дар доираи мусобиқа 2 бозӣ анҷом дода, ҷои сеюмро ишғол намуд.
Дар нимфинал ҳарифи Тоҷикистон тими Уганда буд. Бозии дастаҳо 27 март баргузор шуд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 0:0 шуд, вале дар задани зарбаҳои ёздаҳметра бахт ба рӯи угандагиҳо хандид – 4:5.
Дар бозӣ барои ҷои сеюм, ки 29 март баргузор гардид, Тоҷикистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, ҷои сеюмро сазовор шуд. Голро Парвиз Умарбоев дар дақиқаи 54 аз пеналтӣ зад.