Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

НАТИҶАҲОИ РӮЗИ СЕЮМИ ЧО ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШОҲРОҲ

НАТИҶАҲОИ РӮЗИ СЕЮМИ ЧО ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШОҲРОҲ НАТИҶАҲОИ РӮЗИ СЕЮМИ ЧО ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШОҲРОҲ НАТИҶАҲОИ РӮЗИ СЕЮМИ ЧО ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШОҲРОҲ НАТИҶАҲОИ РӮЗИ СЕЮМИ ЧО ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШОҲРОҲ

27.03.2022

: 521

27 март дар доираи Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, ки 25 март дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, се сабқат баргузор шуд.

Дар рӯзи сеюм сабқатҳои инфиродӣ миёни мардон, бонувон ва бонувони то 23-сола дар масофаи 24км сурат гирифтанд.

Миёни бонувон ва мардҳо варзишгарони Қазоқистон Рината Султонова ва Евгений Федоров ғалаба карданд. Миёни бонувони то 23-сола бошад, намояндаи Узбекистон Янина Кускова пирӯз шуд.

Дар рӯзи сеюм варзишгари тоҷик Раҳимҷон Аминов миёни мардҳо дар масофаи 24км ширкат карда, бо натиҷаи 40:23.320 (миёни 11 иштирокчӣ) ҷои ёздаҳумро гирифт.

Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ
Натиҷаҳои рӯзи сеюм

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, бонувони то 23-сола, 24км
1. Янина Кускова (Узбекистон), 34:08.064
2. Бота Батирбекова (Қазоқистон), 36:40.339
3. Сафия Ал Саиғ (АМА), 37:02.743

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, бонувон, 24км
1. Рината Султонова (Қазоқистон), 33:24.632
2. Делиа Приатна (Индонезия), 33:59.275
3. Солонго Тсеренлхам (Муғулистон), 35:04.082

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳо, 24км
1. Евгений Федоров (Қазоқистон), 28:45.197
2. Нариюки Масуда (Ҷопон), 29:36.745
3. Муродҷон Холмуродов (Узбекистон), 29:58.291

Мусобиқаҳои оянда:

28 март
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, U-23 (130км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, ҷавонон (111км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, ҷавонон (61км)

29 март
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо (175км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо (111км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, U-23 (111км)

30 март
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ (111км)