11.02.2022
: 538
Соли сипаришуда 966 варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дар хориҷ аз кишвар ва дохили мамлакат иштирок намуда, ба хазинаи варзиши мамлакат 398 медал ворид намуданд.
Ин нукта имрӯз дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд.
Раиси Кумита Раҳмонзода Абдулло изҳор дошт, варзишгарони мо, аз ҷумла сазовори 103 медали тилло, 121 медали нуқра ва 174 медали биринҷӣ шуданд. Мувофиқи таҳлилҳо аз намуди олимпии варзиш дар маҷмуъ 169 медал аз он ҷумла 22 медали тилло, 52 медали нуқра, 95 медали биринҷӣ ба даст омадааст.
Зикр шуд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст.
Ин аст, ки дар муддати ду даҳсолаи охир бо дарназардошти муҳим будани рушди инфрасохтори соҳа бунёду навсозии ҳазорон иншооти варзишӣ амалӣ гардид.
Аз ҷумла, ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар қаламрави ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти оморӣ, 10 218 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудаанд.
Яке аз ин иншооти варзишӣ дар шаҳри Душанбе Маҷмааи универсалии варзишӣ мебошад, ки мутобиқ ба талаботи стандартҳои Бозиҳои олимпӣ сохта шудааст.
Маҷмааи бузурги универсалии варзишии пойтахт аз 3 то 5 ошёна иборат буда, тибқи лоиҳа толорҳову майдонҳои гуногуни варзишии он барои аз 150 то 3000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудаанд. Иншоот аз қасрҳои варзишии болопӯшидаву нимпӯшида, майдону майдончаҳои гуногун барои теннис, ҳавзҳои хурду миёна ва бузург барои шиноварӣ, инчунин дигар намудҳои варзиши обӣ иборат буда, барои гузаронидани мусобиқаҳои байналмилалӣ бо навтарин стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст.