26.01.2022
: 788
Сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2022 бо “Grand Prix Portugal 2022” оғоз мегардад. Ин мусобиқаи байналмилалӣ 28-30 январ дар шаҳри Алмадаи Португал ба нақша гирифта шудааст.
Дар “Grand Prix Portugal 2022” Тоҷикистонро ду нафар – Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг ва Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг – намояндагӣ мекунанд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар аввалин мусобиқаи сол иштироки 334 варзишгар (194 мард, 140 зан) аз 44 давлат дар назар аст. Варзишгарон дар 7 вазн миёни мардҳо ва 7 вазн миёни бонувон давоми се рӯз гуштин мегиранд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мегарданд – ҷои аввал – 3000 евро, ҷои дуюм – 2000 евро, ду ҷои сеюм – 1000-евроӣ.