Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КӮМАКИИ НАВБАТИИ КМО ТОҶИКИСТОН БА ФЕДЕРАТСИЯҲО

КӮМАКИИ НАВБАТИИ КМО ТОҶИКИСТОН БА ФЕДЕРАТСИЯҲО КӮМАКИИ НАВБАТИИ КМО ТОҶИКИСТОН БА ФЕДЕРАТСИЯҲО

22.11.2021

: 708

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи имконият барои дастгирии молиявию моддии ташкилотҳои варзишӣ чораҳои зарурӣ амалӣ менамояд.

Бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумита дар доираи Барномаи “Ташаббуси идоракунии КМО”-и Ҳамбастагии олимпӣ 17 федератсияи варзишӣ – аъзои КМОТ-ро бо ноутбук таъмин кард.

Мақсад аз амалӣ намудани лоиҳа, ба роҳ мондани коргузории беҳтар ва ташкили базаи мусобиқоти федератсияҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 10 июл дар ҷаласаи 20-уми Ассамблеяи генералии КМОТ, 17 федератсияи варзишӣ аз Гранти ноиби Президенти Кумита Шамсулло Соҳибов бархурдор шуданд. Маблағи ҳар грант 50 000 сомониро ташкил медод. Дар доираи грант федератсияҳо чорабиниҳои гуногуни варзишию омӯзишӣ баргузор карданд ва як нафарро давоми як сол бо маош таъмин менамоянд.

Ҳамчунин, Кумита дар доираи барномаҳои гуногуни Ҳамбастагии олимпӣ федератсияҳо ва мактабҳои варзиширо ба лавозимоту таҷҳизоти гуногуни варзишӣ таъмин кардааст.