11.11.2021
: 709
Тоҷикистон боз як мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футболро мизбонӣ мекунад.
Аз 17 то 24 ноябр дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни наврасони то 15-сола доир мешавад. Чор даста барои ба даст овардани унвони чемпионӣ талош хоҳанд кард.
Дар Чемпионати CAFA-2021 миёни наврасон (U-15) дар баробари тими Тоҷикистон, дастаҳои наврасони Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат менамоянд. Тими мунтахаби Тоҷикистонро ба ин мусобиқа сармураббӣ Зайниддин Раҳимов омода мекунад.
Умуман, дар доираи чемпионат 6 бозӣ анҷом дода мешавад. Ҳамаи бозиҳо бо иштироки мухлисон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир мегарданд.
Тибқи низомнома Чемпионати CAFA-2021 миёни наврасон тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор ва ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад.
Чемпионати CAFA-2021 миёни наврасон (U-15)
Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон.
1-ум давр
19 ноябр (ҷумъа)
12:00. Узбекистон – Эрон
15:00. ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
2-юм давр
21 ноябр (якшанбе)
12:00. Қирғизистон – Узбекистон
15:00. Эрон – ТОҶИКИСТОН
3-юм давр
23 ноябр (сешанбе)
12:00. Эрон – Қирғизистон
15:00. ТОҶИКИСТОН – Узбекистон