08.11.2021
: 565
Бозиҳои аввали даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футбол баргузор шуданд.
6 ноябр “Истиқлол”-и Душанбе бар тими “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард. Бозии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гашт.
Душанбегиҳо ҳамаи голҳоро дар нимаи аввал заданд. Манучеҳр Ҷалилов дар ақиқаи 8-ум, Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 25, Манучеҳр Сафаров дар дақиқаи 28, Рёта Нома дар дақиқаи 38 дарвозабони “Эсхата”-ро маҷбур карданд, ки тӯбро аз дохили дарвоза берун орад.
Дар ҳайати тими “Эсхата” Ҷаҳонгир Эргашев ду тӯб, Аҳрорҷон Иноятов як тӯб ба ҳадаф расонданд.
Дар бозии дигари нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 дастаи “Хуҷанд” дар майдони худ ба дарвозаи тими “Равшан”-и Кӯлоб 4 голи беҷавоб зад. Дилшод Бозоров ду гол, Нозим Бобоҷонов ва Комрон Турсунов якголӣ заданд.
Бозиҳои ҷавобии дастаҳо дар даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон 27-28 ноябр ба нақша гирифта шудааст.