09.10.2021
: 632
Бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, 6-8 октябр дар шаҳри Хуҷанд давраи омӯзишии Ҳамбастагии олимпӣ барои маъмурони соҳаи варзиши вилояти Суғд баргузор шуд.
Дар давраи омӯзишӣ намояндагони мактабҳо ва ташкилотҳои варзишии шаҳру навоҳии вилояти Суғд ширкат карданд.
Мутахассисони соҳаи варзиш ва масъулони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон давоми се рӯз ба иштирокчиёни давраи омӯзишӣ дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла “Роҳбарии Ҳаракати олимпӣ”, “Бозиҳои варзишӣ”, “Дастгирии варзишгарон”, “Арзишҳои олимпӣ”, “Мудирияти ташкилотҳои варзишӣ”, “Малкаҳои роҳбарӣ”, “Мубориза бо допинг” ва ғайра маърӯза хонданд.
Аз ҷумла зимни муҳокимаи мавзӯи “Роҳбарии Ҳаракати олимпӣ” қайд гардид, ки ҳаракати олимпии ҷаҳонро Кумитаи байналмилалии олимпӣ идора мекунад. Дар рушди ҳаракати олимпӣ, инчунин созмонҳои қоравӣ ва кумитаҳои миллии олимпӣ, ки ҳамагӣ узви Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ҳастанд, инчунин федератсияҳои байналмилалӣ ва федератсияҳои миллии варзишӣ саҳм мегузоранд.
Таъкид шуд, ки Ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти мамлакат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд меёбад. Имрӯз бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми шароитҳо барои варзишгарон муҳайё карда шудааст ва онҳоро зарур аст, ки пайваста тамрин кунанд ва шарафи варзиши Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ сазовор ҳимоя намоянд.
Ба иштирокчиёни давраи омӯзишӣ сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон супорида шуд.