04.10.2021
: 632
2-3 октябр бозиҳои даври бистудуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.
Дар бозии марказии давр миёни «Истиқлол» – «Хуҷанд» ғолиб муайян нашуд (0:0).
“Хатлон” дар майдони худ аз тими “Истаравшан” бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд. Голи ягонаро Саидмухтор Азимов дар дақиқаи 62 аз пеналтӣ зад.
Дар бозии дигар дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бар тими “Душанбе” бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардид. Нимаи аввал бидуни гол анҷом ёфт. Далер Шомуродов дар дақиқаи 59 аз пеналтӣ ва Ҳасан Рустамов дар дақиқаи 62 ду гол зада, ғалабаи тими футболи Кӯлобро таъмин намуданд.
Дар бозӣ миёни дастаҳои “Куктош” – “Эсхата” ҳангома шуд. Футболбозони ноҳияи Рӯдакӣ ба дарвозаи бонкчиҳо панҷ голи беҷавоб заданд ва аз ҷои охир дар ҷадвали мусобиқа як зина боло рафтанд. Насимҷон Маҳмадиев ва Азизбек Султонов ду голӣ заданд. Як голи дигарро Муҳиддин Одилов ба номаш навишт.
Дастаи КМВА пирӯзиҳояшро идома дода, ин бор дар сафар бар дастаи “Файзканд” бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Бозингари клуби артиш Абдухалил Боронов дар дақиқаи 38 ҳисобро кушод. Пас аз чор дақиқа восеъгиҳо тавассути зарбаи нишонраси Комрони Мирзохон ҳисобро баробар карданд. Артишиҳо тавассути Фирӯз Бобиев ва Люк Менҷана Леонел ду голи дигар зада, ғалабаи навбатии КМВА-ро таъмин намуданд.
Пас аз натиҷагирии 22 даври бозиҳо мисли пеш “Истиқлол” пешсаф аст. Ин даста дар ихтиёр 52 хол дорад. “Хуҷанд” бо 10 хол камтар (42) дар ҷои дуюм аст. КМВА, ки холҳояш ба 36 расид, мавқеашро барои медалҳои биринҷӣ мустаҳкамтар кард.
ҶОЙ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
1 | "Истиқлол" (Душанбе) | 21 | 16 | 4 | 1 | 57-7 | 52 |
2 | "Хуҷанд" (Хуҷанд) | 21 | 13 | 3 | 5 | 43-21 | 42 |
3 | КМВА (Душанбе) | 22 | 10 | 6 | 6 | 33-26 | 36 |
4 | "Истаравшан" (Истаравшан) | 22 | 9 | 5 | 8 | 24-22 | 32 |
5 | "Хатлон" (Бохтар) | 22 | 8 | 5 | 9 | 23-27 | 29 |
6 | "Эсхата" (Хуҷанд) | 22 | 8 | 3 | 11 | 29-40 | 27 |
7 | "Равшан" (Кӯлоб) | 22 | 6 | 8 | 8 | 22-26 | 26 |
8 | "Файзканд" (Восеъ) | 22 | 5 | 5 | 12 | 15-29 | 20 |
9 | "Куктош" (Рӯдакӣ) | 22 | 5 | 5 | 12 | 31-50 | 20 |
10 | "Душанбе" (Душанбе) | 22 | 4 | 6 | 12 | 21-50 | 18 |