17.09.2021
: 743
Фонди ҷоизаҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни мардон дар Белград ба маблағи 2,6 миллион доллари ИМА эълон шуд.
Аввалин бор дар таърихи 75-солаи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳавскорӣ (AIBA) боксчиён дар баробари медал ҷоизапулӣ мегиранд.
Ба барандагони медалҳои тилло 100 000 доллари ИМА тақдим мегардад. Барандагони медали нуқра 50 000 доллар ва барандагони медалҳои биринҷӣ дар ҳар вазн 25 000-долларӣ ҷоиза мегиранд.
AIBA моҳи июни соли 2019 аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ бинобар масъалаҳои молиявӣ ва доварӣ аз мақоми олимпии худ маҳрум карда шуд. Мусобиқаҳои интихобӣ ва олимпии боксро дар Токио худи Кумитаи байналмилалии олимпӣ гузаронд.
Аммо ҳайати роҳбарикунандаи AIBA моҳи май, пас аз созишномаи сарпарастӣ бо Ширкати “Газпром” изҳор дошт, ки қарздор нест. 10 миллион доллар қарз, ки ба уҳдаи AIBA буд, ба ширкати озарбойҷонии “Benkons LLC” баргардонида шуд.
Ҷоизапулӣ дар Чемпионати Осиё дар Дубай ҷорӣ гардид ва дар Чемпионати Аврупо ва Чемпионати Осиё миёни наврасону ҷавонон идома ёфт.
Президенти AIBA Умар Кремлев гуфтааст: "Ин бори аввал аст, ки AIBA ба барандагони медалҳои Чемпионати ҷаҳон мукофоти пулӣ медиҳад ва ҳамин тавр ҳам бояд бошад. Ин маблағ бо дарназардошти омодагиҳо барои расидан ба қуллаи баланд дар мусобиқаи олии AIBA сазовор аст. Мо медонем, ки ин иқдом барои боксчиёни мо манфиати калон хоҳад дошт. Онҳо бояд на танҳо дар ринг муваффақ бошанд, балки худкифо ва шукуфон низ бошанд".
Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс аз 24 октябр то 26 ноябри соли равон дар “Штарк Арена”-и пойтахти Сербия баргузор хоҳад шуд.