Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ПЕШСАФ: “ВАҲДАТ” МИЁНИ 16-СОЛАҲО, МҶМОВ МИЁНИ 14-СОЛАҲО ҒОЛИБ ШУДАНД

ЛИГАИ ПЕШСАФ: “ВАҲДАТ” МИЁНИ 16-СОЛАҲО, МҶМОВ МИЁНИ 14-СОЛАҲО ҒОЛИБ ШУДАНД ЛИГАИ ПЕШСАФ: “ВАҲДАТ” МИЁНИ 16-СОЛАҲО, МҶМОВ МИЁНИ 14-СОЛАҲО ҒОЛИБ ШУДАНД

17.09.2021

: 637

Мусобиқаҳои Лигаи кӯдакону наврасон – “Пешсаф” миёни футболбозони то 14-сола ва то 16-сола ҷамъбаст гардиданд.

Дар Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футбол миёни наврасони то 16-сола дастаи “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдат ғалаба кард. Футболбозони навраси Ваҳдат аз 18 бозӣ дар 15 дидор пирӯз шуданд, як бозиро мусовӣ карданд ва фақат дар ду бозӣ мағлуб гардиданд. Дар натиҷа бо 46 хол ҷои аввалро сазовор шуданд.

Медалҳои нуқра дар ин синну сол бо 44 хол насиби дастаи Мактаби маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ) оид ба футбол гардид. Ҷои сеюм насиби дастаи “Равшан”-и Кӯлоб шуд.

Дар Чемпионати ҷумҳурӣ миёни футболбозони то 14-сола бошад, МҶМОВ оид ба футбол ҷои аввалро ишғол кард. Ин даста 16 бозӣ анҷом дода, 15 ғалаба ба даст овард ва як бозиро бохт. Дар натиҷа МҶМОВ 45 хол гирифт.

Ду даста – МҶМОВ-2 (Душанбе) ва “Ҷавонӣ” (Ҷаббор Расулов) 30-холӣ ба даст оварданд, вале аз рӯи пирӯзӣ дар бозиҳои хусусӣ медалҳои нуқра ба МҶМОВ-2 ва биринҷӣ ба “Ҷавонӣ” тақдим карда шуд.