Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДУЮМ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ГУШТИНГИРӢ ДОИР МЕШАВАД

07.09.2021

: 793

12 сентябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки паҳлавонони 13 кишвар дуюм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ - гуштингирӣ баргузор мешавад.

Мусобиқа бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Федератсияи гуштингирии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Имрӯз, 7 сентябр, дар қароргоҳи Федератсияи гуштингирии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот масъалаҳои ниҳоии омодагиро баррасӣ карданд. Гуфта шуд, ки дар доираи мусобиқа, ҳамчунин 10 сентябр бори аввал конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад.

Дар дуюм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ паҳлавонон аз ҷумҳуриҳои Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Ӯзбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон ширкат мекунанд.

Рақобатҳо дар 5 вазн: 60кг, 70кг, 80кг, 90кг, +90кг миёни мардон ва дар як вазн: 65кг миёни бонувон ҷараён мегирад. Ғолибони ҳар 6 вазнро шоҳҷоиза - автомобил интизор аст. Ҳамчунин, барандагони медалҳои нуқра соҳиби 3 ҳазор доллари ШМА ва барандагони ҷои сеюм соҳиби 1,5 ҳазор доллари ИМА мешаванд.

Ҳамчунин, бори аввал ғолиб дар ҳайати даставӣ низ интихоб гардида, бо ҳазор доллари ИМА сарфароз мегардад.

Ин дуюм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ – гуштингирӣ - дар Тоҷикистон аст. Сабқати аввал имсол ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуда буд.