01.09.2021
: 692
Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии соли 2028 дар Лос Анҷелес нақша доранд, ки консепсияи ҳадди аксар истифода бурдани инфрасохтор ва иншооти варзишии мавҷударо амалӣ кунанд. Ин имкон медиҳад, ки ба ҷанбаҳои дигар таваҷҷуҳ карда шавад ва таъсири манфиро ба муҳити зист кам кунад.
Бренс Калп, сухангӯи Кумитаи тадорукотии LA-2028 гуфтааст: "Лос Анҷелес аллакай барои баргузории Бозиҳои олимпии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бехатар омода аст. Мо метавонем ба принсипи такроран истифода бурдани беҳтарин сохторҳои шаҳр такя кунем. Ин на танҳо ба варзишгоҳҳо, балки ба пойгоҳҳои таълимӣ, биноҳои истиқоматии Донишгоҳи Калифорния, ки Деҳаи олимпӣ ҷойгир хоҳад шуд, дахл дорад”.