23.08.2021
: 720
Дар бозии марказии даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ “Истиқлол” бар тими “Истаравшан” пирӯз шуда, мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқа беҳтар намуд.
Бозии дастаҳо 21 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардид. Голҳоро Ваҳдат Ханонов ва Алишер Ҷалилов заданд.
Тими “Хуҷанд” бошад, дар сафар аз дастаи КМВА бо ҳисоби 1:3 шикаст хурд. Шарафҷон Солеҳов аз пеналтӣ гол зада, КМВА-ро ба пеш баровард. Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 39 голи дуюми тими артишро зад. Дар нимаи дуюм хуҷандиҳо як гол ба дарвози худ ва як гол ба дарвозаи КМВА заданд.
“Хатлон” бо шарофати ду голи Комронҷон Исмоилов бар дастаи “Душанбе” ғалаба кард.
“Файзканд” низ дар сафар бар тими “Куктош” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Голҳоро Ойбек Абдуғаффоров ва Артур Боугнон заданд.
Бозӣ миёни дастаҳои «Равшан» – «Эсхата» бидуни гол анҷом ёфт.
Бозиҳои даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 24-25 август баргузор мешаванд. 24 август «Хуҷанд» бо «Хатлон», «Файзканд» бо «Равшан», «Душанбе» бо «Истиқлол», 25 август «Эсхата» бо КМВА ва «Истаравшан» бо «Куктош» бозӣ мекунанд.
ҶОЙ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
1 | "Истиқлол" (Душанбе) | 14 | 10 | 3 | 1 | 38-6 | 33 |
2 | "Хуҷанд" (Хуҷанд) | 15 | 9 | 2 | 4 | 30-17 | 29 |
3 | "Истаравшан" (Истаравшан) | 16 | 7 | 4 | 5 | 18-15 | 25 |
4 | "Эсхата" (Хуҷанд) | 16 | 7 | 3 | 6 | 25-28 | 24 |
5 | "Хатлон" (Бохтар) | 16 | 5 | 5 | 6 | 17-22 | 20 |
6 | "Равшан" (Кӯлоб) | 15 | 4 | 7 | 4 | 16-16 | 19 |
7 | КМВА (Душанбе) | 16 | 4 | 6 | 6 | 19-22 | 18 |
8 | "Файзканд" (Восеъ) | 16 | 4 | 4 | 8 | 13-23 | 16 |
9 | "Душанбе" (Душанбе) | 16 | 3 | 6 | 7 | 18-31 | 15 |
10 | "Куктош" (Рӯдакӣ) | 16 | 3 | 4 | 9 | 19-33 | 13 |