26.07.2021
: 774
Субҳи 26 июл гурӯҳи дуюми Ҳайати олимпии Тоҷикистон, варзишгарону мураббиёни намудҳои варзиши сабук ва шиноварӣ ба Токио сафар карданд.
Ёдрас мешавем, ки дар намуди варзиши сабук Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев (мураббӣ Ғайрат Неъматов) ва дар намуди шиноварӣ Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (мураббӣ Муҳаммад Табаров) намояндагӣ мекунанд.
Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр миёни мардҳо 31 июл сабқат мекунад. Финали ин масофа 1-уми август ба нақша гирифта шудааст.
Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов бошанд, дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр, тарзи озод 30 июл ҳунарнамоӣ мекунанд. Нимфинали ин масофа 31 июл, финал 1-уми август доир мешавад.