22.07.2021
: 684
Дар натиҷаи ҳамкориҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва шарикони ҳаракати олимпӣ варзишгарони тоҷик соҳиби либоси варзишии мусобиқавӣ гардиданд.
Либосҳои варзиширо ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, мисли Nike, Mizuno, Speedo ба варзишгарони мо тақдим карданд.
Умуман, дар Деҳаи олимпӣ ба иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов кеманои истеҳсоли Mizuno, Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров либоси варзишии намуди бокс, Илдар Аҳмадиев либоси варзиши сабук истеҳсоли Nike, Анастаия Тюрина ва Олимҷон Ишанов либоси шиноварии истеҳсоли Speedo супорида шуд.
Ёдрас менамоем, ки Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 август баргузор мешавад.