22.07.2021
: 688
Ҳайати олимпии Тоҷикистон шоми 20-уми июл ба шаҳри Токио расид ва аъзои ҳайатро масъулони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешвоз гирифта, дар Деҳаи олимпии Тоҷикистон ҷобаҷо карданд.
21-уми июл парчами Тоҷикистон дар Деҳаи олимпӣ парафшон карда шуда, варзишгарон ва мураббиён аз ташхиси COVID-19 гузаштанд ва натиҷаи ташхиси онҳо манфӣ буд. Онҳо аллакай дар Деҳаи олимпӣ ба тамрин шуруъ карданд.
Роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон бо варзишгарон ва мураббиён мулоқот карда, ба онҳо муваффақият хостанд.
Зимни мулоқот ба маълумоти варзишгарон расонида шуд, ки аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат ба варзишгароне, ки медал ба даст меоранд, хона туҳфа карда мешавад. Аз ҷумла барои медали тилло хонаи чорҳуҷрагӣ, барои медали нуқра хонаи сеҳуҷрагӣ ва барои медали биринҷӣ хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим мегардад.