Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТОКИО-2020 БА ВОЛОНТЁРОН ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 ПЕШНИҲОД МЕКУНАД

26.06.2021

: 662

Токио-2020 ба ҳамаи волонтёрони Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ ваксинаҳои зидди COVID-19 пешниҳод мекунад.

Созмондиҳандагон гуфтаанд, тамоми 70 000 волонтёри Бозиҳоро метавонанд бо ваксинаҳо таъмин кунанд.

Гуфта мешавад, якчанд волонтёр, ки бо варзишгарон тамос хоҳанд дошт, аллакай эм карда шуданд. Интизор меравад, ки акнун эмкунӣ аз рӯзи чоршанбе (30 июн) ба дигар волонтёрон густариш ёбад.

Ҳукумати Ҷопон бо “Pfizer” шартнома баст, то 40000 нафарро, ки дар Бозиҳо кор хоҳанд кард, бо ваксинаи COVID-19 таъмин кунанд. Кормандон, волонтёрон, намояндагони расонаҳои хабарӣ ва кормандони соҳаи тандурустӣ аз ҷумлаи онҳое мебошанд, ки барои гирифтани ваксина ҳуқуқ доранд.

Тибқи маълумоти охирин дар Ҷопон то имрӯз 37,2 миллион нафар як вояи ваксинаро қабул кардаанд.

Бовар меравад, ки то имрӯз тақрибан 11,7 миллион нафар ҳар ду вояи ваксинаи COVID-19-ро қабул кардаанд, ки ин тақрибан 9,2 фоизи аҳолиро ташкил медиҳад.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва созмондиҳандагони Токио-2020 дар давоми бозиҳо як қатор қоидаҳои қатъиро ҷорӣ хоҳанд кард, ки ба гуфтаи онҳо, бехатарии Олимпиада ва Паралимпиадаро таъмин мекунанд. Ин коҳиши шумораи шахсони расмии аккредитатсияшуда ва манъи ташрифот ба минтақаҳои сайёҳиро дар бар мегирад.

КБО инчунин изҳор дошт, беш аз 80 фоизи одамон, ки дар деҳаи олимпӣ хоҳанд буд, эм карда мешаванд.

Қарор аст Бозиҳои Олимпиада дар Токио аз 23 июл то 8 август ва баъдан Бозиҳои Паралимпиада аз 24 август то 5 сентябри имсол баргузор шаванд.