23.06.2021
: 782
Паёми шодбошии ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ба муносибати Рӯзи олимпӣ
Рӯзи байналмилалии олимпиро, ки аз соли 1948 ҳар сол 23-юми июн ҷашн гирифта мешавад, ба варзишгарон, собиқадорони соҳаи варзиш ва ҳаводорони варзиш таҳният мегӯям.
Боиси сарфарозист, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад ва варзишгаронамон ба гирифтани чор медали олимпӣ – 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ – даст ёфтаанд. Медали тиллоро варзишгари маъруфамон Дилшод Назаров соли 2016 дар риштаи гурзандозӣ, медали нуқраро Юсуф Абдусаломов соли 2008 дар гуштини тарзи озод, медалҳои биринҷиро бошад, Расул Боқиев соли 2008 дар намуди ҷудо ва Мавзуна Чориева соли 2012 дар намуди бокс сазовор шудаанд.
Имсол чорабиниҳои Рӯзи олимпӣ дар кишвари маҳбубамон 19 июн бо машқҳои пагоҳирӯзӣ оғоз гардида, бо семинари омӯзишӣ-амалӣ, рӯзи дарҳои кушоди Осорхонаи “Шарафи олимпӣ” идома ёфт ва 23 июн бо чорабиниҳои гуногуни варзишӣ дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад.
Рӯзи олимпии имсола дар пешорӯи Бозиҳои олимпии Токио ҷашн гирифта мешавад ва имрӯзҳо тамоми ҷаҳон ба ин бозиҳо омодагӣ мебинанд.
Хушбахтона, варзишгарони мо низ тавонистанд роҳхати олимпӣ ба даст оваранд ва шарафи бузурги муаррифӣ кардани Тоҷикистонро дар фестивали бузурги варзишии ҷаҳон – Бозиҳои олимпӣ сазовор гарданд.
Ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 10 варзишгар ба Токио сафарбар хоҳанд гашт, ки мо ба онҳо дар майдони рақобат муваффақият мехоҳем.
Солгарди 73-юми Рӯзи олимпиро бароятон бори дигар шодбош гуфта, бароятон саломатӣ ва дар корҳоятон муваффақият таманно мекунам.